Терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Тавре аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бармеояд, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид.
Бахшида ба татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” санаи 20-уми июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Экстремизм ва терроризм роҳ ба сўйи нобудӣ” бо иштироки муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Самадов Собир доир гардид.
Дар семинари омӯзишӣ аъзои комиссияи ноҳиявӣ дар самти татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” иштирок намуданд.
Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани семинари омӯзишӣ, ин баланд бардоштани малакаву дониши гурӯҳҳои корӣ оид ба амалисозии Стратегияи мазкур мебошад.
Семинари омӯзиширо бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ифтитоҳ намуда, атрофи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабабҳои асосии гароиши насли наврас ва ҷавонон, чораҳои пешгирикунӣ бо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва оила, баргузории чорабиниҳои гуногуни маданиву равшаннамоӣ, пур кардани мафкураи оилаҳои ҷавон ва кӯдакону ҷавонон бо ақидаҳои ватандӯстонаву илму фарҳанг, аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати махсус қарор додани тарбияи фарзандон ва фарогирии наврасону кӯдакон дар таътили тобистона бо китобхонӣ ва ғайра суханронӣ намуданд.
Дар баробари ин, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Самадов Собир доир ба амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баромад намуда, қайд намуданд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, иброз доштанд, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Баъдан намояндаи иттиҳодияҳои динӣ Ахмедов Низомиддин баромад намуда, иброз доштанд, ки ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯш кардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.
Инчунин, ибрози андеша намуданд, ки дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модаронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ба масъулин дастуру супоришҳо дода, таъкид карданд, ки фарзандон ва хонандагонро ҳамчун ватанпарвар ва дӯстдори зиндагии шоиста тарбия намуда, барои пешгирии ҷавонони ноогоҳ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои амалӣ андешида, барои ташкил ва гузаронидани ин гуна чорабиниҳо дар сатҳи маҳал дастур дода шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб минбаъд низ дар якҷоягӣ бо аъзои комиссияи ноҳиявӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Орифҷон Олимзода, Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб