СЕССИЯИ ТЕМАТИКИИ №2 ТАШАККУЛИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Сессияи тематикии №2 таҳти раисии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ вобаста ба ташаккули равандҳои муҳоҷират дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар доираи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар кори сессияи тематикӣ роҳбари намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркзаи ҳуқуқи инсон», роҳбари лоиҳаи Маркази захиравии муҳоҷирон дар Тоҷикистон (ICMPD Вена, Австрия), ҳамоҳангсози миллии лоиҳа Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), директори “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, профессорони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигарон ҳузурӣ ва дар шакли маҷозӣ иштирок, суханронӣ ва маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, таклифҳои пешниҳодшуда ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират баррасӣ гардиданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо