4 Феврали соли ҷорӣ кормандони Хадамоти муҳоҷират ташаббусҳои созандаи Асросгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ба шанбегӣ баромаданд.
Онҳо дар ин маъракаи шанбегӣ даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Хадамотро тозаю озода намуданд.
Инчунин, онҳо бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атрофи бинои муассисаи давлатӣ ҳусни наву тоза зам намуданд.
Чуниш маъракаҳои ҳашари дастаҷамаъӣ ҳар рӯзи шанбе баргузор мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират