Шанбегии дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷиратҲайати кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ сармашқи доимии фаъолияти худ намуда, ба шанбегии навбатӣ баромаданд.
Онҳо дар ин чорабинии дастаҷамъона ҳуҷраҳои корӣ, роҳраву даҳлезҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Хадамотро тозаю озода намуда, дарахтони сояафкан шинонида, инчунин бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ кормандони Хадамот фаъолона ширкат варзиданд. Шанбегӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
Ҳайати кормандони Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтаанд, ки ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират