Шанбегии дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷират

25 июн бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни бинои Хадамот масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи он ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни бино шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.

Душанбе ширкат варзиданд. Дар рафти шанбегӣ кормандон бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороиширо аз ҳар гуна алафҳои хушку бегона тоза намуданд.

Саҳни бинои Хадамот пурра рубучин карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо