Шартномаи ҳамкории дутарафа баста шуд

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо Муассисаи давлатии таълимӣ «Литсейи касбии техникӣ» дар шаҳри Истаравшан шартномаи ҳамкории дутфарафа баста шуд.

Тавре машваратчии калони Марказ Умедахон Ҳошимова иттилоъ доданд, зимни сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Истаравшан аз литсейи номбурда дидан намуданд.
Ҳангоми боздид гурӯҳи корӣ бо 15 нафар шаҳрвандоне, ки дар ин литсей забони хориҷӣ – англисиро меомӯзанд вохӯрӣ баргузор карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар литсейи мазкур омӯзгорони пуртаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.

Шунавандагони курсҳои кӯтоҳмудат аз дарсгузории омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимӣ «Литсейи касбии техникӣ» изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар хатми вохӯрӣ тарафҳо ба хулосае омаданд, ки минбаъд дар ин литсей омӯзиши дигар забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва хитоӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо