Солона ҷамъбаст гардид

4 – уми январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират маҷлиси Шӯрои Хадамот оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлиси Шӯрои Хадамот муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, муовини сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.

Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Дар баромадаш Сардори Хадамот қайд намуданд, ки ба ҳолати моҳи декабри соли равон ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 38 662 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 36 889 нафар шифоҳӣ, 61 нафар хаттӣ ва 1712 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 12441 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Тибқи муқаррарот ба 10544 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 904 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 958 нафар дорои касб гардида, 856 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон, ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бояд таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намоянд ва ба ҳолати имрӯза 39 041 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 39 897нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин шудаанд.

Бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, 29 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамот буда, барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд. Мутаассифона бо сабаби паҳншавии бемории COVID-19 ва басташавии сарҳадоти давлатҳои хориҷӣ аксарияти субъектҳои хоҷагидор натавонистанд, ки фаъолиятро ба роҳ монанд. Дар маҷмӯъ бошад, аз ҷониби субъектҳои мазкур 1943 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ муташаккилона ба хориҷа сафарбар шуда бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор, ки дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират мебошанд ва ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, – афзуд Каримзода Тоҳир.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказаҳои машваратӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар бораи ҳарчи зудтар ба системаи электронии рафтуоӣ муҳоҷирони меҳнатӣ гузаштан, мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани кор бо ширкатҳои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба воридшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар ибрози ақида намуд. Инчунин, дар ҷаласа оиди тағйироти кадрии Хадамот шунида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо