20 октябри соли равон бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” суҳбату вохӯрии навбатӣ бо сокинони кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур барпо намуданд.
Дар вохӯрӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи зикршуда дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандон барои солҳои 2021–2025 ва Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 суханронӣ намуда, қайд карданд, ки шаҳрвандоне касбу ҳунар надоранд, метавонанд дар МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” касби дӯстдоштаи худро дар муддати кӯтоҳ омӯхта соҳиби касб шаванд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон дар бораи масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарбаркунии муташаккилона барои бокортаъминшавӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, касбомӯзии шаҳрвандон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат, пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.
Инчунин, намояндагони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳозирин дар бораи ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК “НБО Роғун”, ҶДММ “Ваҳдат Текстайл”, ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСК “Сементи тоҷик” ва дигар маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд зикр кард, ки баромадкунандагон таъкид намуданд, ки барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, пешгирии вуруди идеологияи харобкорона ва равияҳои ҷудоиандоз мубориза бурда шавад.
Дар охир сокинони маҳаллаи мазкур ба меҳмонон сипосгузорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои ҳар як гушаи ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират