Таҳияи патенти вилояти Москва дар Сахарово

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки шурӯъ аз 1 ноябри соли 2021 муассиаи давлатӣ –буҷавӣ шаҳри Москва «Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» қабули ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати таҳияи патент барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Москва оғоз менамояд.

Яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Москваи Федератсияи Россия (патент) ба ноҳияи Красногорск муроҷиат менамуданд, минбаъд бояд ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» муроҷиат намоянд.Мавриди зикр аст, ки аз 1 ноябри соли ҷорӣ хизматрасонӣ роҷеъ ба таҳияи патент дар Маркази муҳоҷиратии ягонаи вилояти Москва, воқеъ дар вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, и/п Путилково, 69 км РМҲМ (МКАД), ПТ «Гринвуд», қ 33 – 35, қатъ мегардад.

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» дар суроғаи Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское, 64 км, Б1, қабати 47 ҷойгир мебошад.Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба масъулини

Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо