Таҷлили Рӯзи Артиш дар Хадамоти муҳоҷират

Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Дар оғози чорабинӣ Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо, ҳозиринро бо фарорасии ин саҳнаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба як сипари боэътимоди Ватан инчунин, таъминкунандаи амнияти кишвар мубаддал гаштааст.

Таъкид шуд, ки ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад.

Имрӯз артиши мо таъминкунандаи амнияти ҳар як сокини кишвар буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касби ташкил медиҳанд.

Боиси хушнудист, ки  имрӯз он мушкилоту норасоие, ки дар солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла норасоии афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад.

Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруву тавоноии бузургро касб намуда, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу кор, садоқат ба савганд вазифаи аввалиндараҷаи хеш қарор дода, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаи ҷомеаро анҷом медиҳанд.

Мо бо як боварии том гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси миллати куҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро ҷавонмардона пос медоранд.

Зеро Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст.

 Ватан модар аст.

 Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус ва ватандӯсту миллатпарвар азиз ва муқаддас аст, – афзуд Нодирзода Иматшо.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо