Таҷлили Рӯзи Президент дар Хадамоти муҳоҷират

16 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир дар баромадаш иброз дошт, ки «хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, идеали ягона дар иттиҳод ва муборизи роҳи созишу амалисозандаи нақшаҳои дурнамои рушди миллат эътироф гардидаанд. Қобилияти ташаббускории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нуфузи ин нобиғаи замонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зиёд намудааст. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд, – афзуд Каримзода Тоҳир.

Дар интиҳои ҳамоиш ба иштирокчиён филми мустанад дар бораи фаъолияти 30-солаи Президенти кишвар намоиш дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо