Тамошои филми «Шикасти фитна» дигарбора: Чеҳра ва мақсадҳои нопоки А. Шерзамоновро ва ҳамаслаконашро инъикос намуд

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират баъди тамошои филми мустанади «Шикасти фитна» мақсаду мароми душманони миллат хоинони давлат бо далелҳои исботшаванда, ки дар қаламрави Бадахшон содир карда буданд, тавассути далелҳои шаръӣ ба мардум амалу мақсадҳои ғаразноки онҳо нишон дода шуданд.

Аз тамошои амалҳои ноҷавонмардонаи ташкилкунандагони ин муқовимат, як гурӯҳи ҷинояткорони дохилие буданд, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ гардида, бо ин маблағҳо берун аз ҳудуди кишвар яроқу лавозимоти ҷангӣ харидорӣ намуда онҳоро ба муқобили кормандони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ истифода бурданд. Ин гурӯҳи ҷинояткорон ба ҳадафҳои ғаразноки худ нарасида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ шикаст хурда, қисми зиёди онҳо дастгир гардида нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар филм воқеаҳое, ки дар ҳудуди ВМКБ вобаста ба «корнамоиҳои» Мамадбоқир Мамадбоқиров рух доданд, пурра амали пасти инсонгароиро нишон дод. Сӯйистифода аз ин амалҳо хоинони миллат М.
Кабирӣ ва ҳаммаслакаш Шерзамонов моро ба ҳамагон бадном намуда, нишон доданӣ шуданд, ки онҳо ҳақанд. Вале тирри онҳо ба ҳадаф нарасид, хато хурд.

Мутаассифона, ин бадхоҳон худ аз худ баҳри дигар гаштани хулқу атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд ҳамеша дустону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом роҳе, ки набошад, ононро ба росткорӣ ҳидоят кунанд ва аз вартаи бад бираҳонанд ин аст вазифаи инсони комил. Вале онҳо инро дарк намекунанд ва аз ҳамаи гуноҳҳои содир кардаашон саркашӣ мекунанд.

Ба ҷои он ки тавба кунанду ба роҳи рост раванд. Хушбахтона чуноне, ки мегӯянд «давидани гӯсола то каҳдон» далели ҳамин гуфтаҳост.

Замин доирашакл аст «кӯҳ бо кӯҳ барнамехӯраду одам ба одам вомехӯрад». Оҳиста оҳиста ҳамаи бадкориҳои душманони мардуми Бадахшон фош шуда истодаанд. Гуфтанием, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст». Пас чаро инро дидаву дониста бадхоҳон дар сарзамини Тоҷикистон зиндагӣ карда маҳалгароӣ мекунанд.

Мо бояд нисбати ингуна афродони палиду дилсиёҳ мубориза барем ва нагузорем, ки ақидаи ифродии онҳо ҷамъияти ободу осоиштаи моро фарогир бошад. Мо ҳамеша бояд бар зидӣ ин гуна афрод мубориза барем ва бетараф набошем. Зеро ояндаи ободи Тоҷикистон дар дасти мост.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо