Ташрифи сардори Агентӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Ӯзбекистон ба Хадамоти муҳоҷират

Дар доираи татбиқи санадҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир сардори Агентӣ оид ба муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ирматов Афзалро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сардори Хадамоти муҳоҷират ташрифи меҳмонро ба Хадамот хайрамақдам гуфта, ҷиҳати тақвият ва густариши ҳамкориҳо арзи сипос намуд.

Зимни мулоқот Тоҳир Каримзода оид ба раванди муҳочирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, ичунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда андешаронӣ намуда, таҳлил аз Марказҳои машваратӣ дуҷониба табадули таҷриба таҳлил гузаронида шуда, презентатсияи корбарии ҳарду ҷониб байни кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳоди ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират гузаронида шуд.

Ӯ қайд намуд, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлуҳои гуногун дошта, ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқоти бештар дорад.

Аз ин лиҳоз,таҳлили пурра бояд кард.

Дар навбати худ Ирматов Афзал иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур – шиносоӣ аз фаъолияти сохторҳои Хадамот ва таҳлил мебошад.


Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.


Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо