Тавсия: Муноқиша дар кишвари хориҷӣ ва оқибатҳои он

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки зимни иқомат, будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ роҳ надода, ҳангоми пеш омадани мушкилот барои пардохти музди меҳнат, бақайдгирии ҷои зисти мувақатӣ, дастрас намудани ҳуҷҷатҳои шахсӣ, тамдид намудани ҳуҷҷатҳои барасмиятдаррории фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои рӯзмара ба мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Мавриди зикр аст, ки дар ин миён баъзан шахсони алоҳида бо мақсади ба даст овардани манфиати муфт ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода менамоянд, ки чунин ҳуҷҷатҳо барои фаъолияти минбаъда ва будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат муаммоҳои гуногунро пеш меорад.

Ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки иштирок дар пикетҳо, эътирозҳои ғайрирасмӣ ва муноқишаҳои оммавӣ будубоши муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷиро дар Федератсияи Россия маҳдуд намуда, тавсия дода мешавад, ки аз муноқишаҳои гуруҳҳӣ, иштирок дар пикетҳо ва тазоҳуротҳои оммавӣ худорӣ намоянд. Тибқи талаботи кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ – Федератсияи Россия ширкаткунандагони чунин чорабиниҳо ба муҳлатҳои гуногун – 3, 5, 10, 15, 20 ва зиёда аз ин ба Федератсияи Россия воридоташон манъ карда мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки шаҳрвандон дар кишвари пазиранда бояд тибқи талабот ва меёърҳои муайяннамудаи қонунгузорӣ амал намуда, дар ҳолатҳои пайдо гардидани мушкилот тибқи меъёр ва вобаста ба самтҳои фаъолияти корӣ ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки шаҳрвандон дар кишварҳои хориҷӣ бояд ба қоидаҳои ҳамашумулро бечуну чаро риоя намуда, тартиботи муаяннамударо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони зист, боғу гулгаштҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар ҷойҳои лозима риоя намоянд. Шаҳрвандон дар хориҷа бояд ба намуди зоҳириаш эътибор диҳад. Дар хотир дорад, ки муносибати атрофиён бо ӯ ба рафтори шоиста, муоширати бомаърифат ва сару либоси тозаю озода вобастагӣ дорад. Аз истеъмоли машруботи спиртӣ, маҳсулоти тамоку ва ғизо дар ҷойҳои ҷамъмиятӣ ва дар нақлиёт, ба ғайр аз ҷойҳои махсуси бо ин мақсад муқарраршуда худдорӣ намояд.

Дар хориҷа дар ҷойҳои беодам шабона безарурат танҳо гаштугузор накунад. Ҳангоми эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои ҷанҷолӣ ҳеҷ гоҳ кӯшиши мустақилона ҳал кардани онро пеш нагирад. Дар чунин вазъият, вобаста ба имконият, ҳатман ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат намояд. Ба урфу одатҳои кишвари иқомат ҳамеша бо эҳтиром муносибат намояд.

Ҳангоми ба тарафи шаҳрванд муроҷиат кардани корманди политсия шаҳрванд бояд ба либос ва рақами шахсии ӯ диққат диҳад. Дар асоси талаби шаҳрванд корманди политсия бояд шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад. Нисбати корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд бояд эҳтироми хоса дошта бошад. Агар ҳуҷҷатҳои шаҳрванд дуруст бошанд корманди политсия ҳуқуқ надорад онҳоро мусодира ё ба гарав гирад. Ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони политсия худро озод ҳис кардан лозим аст. Ба саволҳои додашуда бояд бурро ва оромона ҷавоб дод. Дар ҳудуди ҷои зисти муваққатӣ, танҳо корманди политсия, ки дар шуъбаи корҳои дохилии минтақавӣ кор мекунад ба шаҳрванди хориҷӣ метавонад муроҷиат намояд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо