Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тартиби вуруд ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон қоида ва тартибҳои гуногунро дорад. Агар Шумо ба қаламрави Федератсияи Россия омаданӣ бошед тартиб ва қоидаи ягона барои бақайдгирии зисти муввақатӣ, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тартиби оғози фаъолияти меҳнатӣ ва будубош дар кишвари иқомат талабот барои ҳамаи минтақаҳои гуногун ҳатмӣ ва ягона мебошад.
Пеш аз сафар ба Федератсияи Россия нахуст шумо бояд мақсади сафари худро муайян намоед. Мақсади сафар метавонад гуногун бошад, азҷумла сафари хидматӣ, сайёҳат, тиҷоратӣ, таҳсилӣ, корӣ, хусусӣ ва убурӣ.
Агар Шумо бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия омаданӣ бошед пас шуморо зарур аст, ки бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз тартиби будубоши давлати иқомат, қайди зисти муваққатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, тартиби дарёфти шартномаи меҳнатӣ ва дигар қоидаҳои давлати иқомат ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё раёсату шуъбаву бахшҳои он дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳои кишвар муроҷиат намоед.
Тавсия дода мешавад, ки пеш аз ворид шудан ба кишвари иқомат нахуст бо тартиби будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар кишвар огоҳ гардида, пасон чиптаи ҳавопайморо харидорӣ намоед.
Агар Шумо қаблан ба Федератсияи Россия сафар намуда бошед, боварӣ доред, ки дар Федератсияи Россия ба қонунвайронкунӣ роҳ надодаед, мӯҳлати имконпазири будубошро вайрон накардаед, аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода набурдаед метавонед бе ягон монеа чиптаи ҳавоиро харидорӣ намуда, ба Федератсияи Россия сафар намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, мӯҳлати имконпазири будубошро вайрон намудаанд, аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода бурдаанд ва ё дар муноқишаву пикетҳои ғайрирасмӣ иштирок намудаанд пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ҳатман маълумоти заруриро барои иҷозаи вуруд ба кишвари мазкур аз сомонаи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (www.fms.gov.ru) дастрас намуда, пасон чипта харидорӣ намоянд.
Санҷиши мавҷудияти асос ҷиҳати надодани иҷозат барои воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа тариқи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия имкон медиҳад, ки хароҷоти сафар ва дигар навъи хизматрасониҳо, ки маблағи зиёдро дар бар мегирад пешгирӣ карда мешавад.
Ҳангоми ба фурӯдгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, пур кардани варақаи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Варақаи мазкур барои баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ зарур мебошад. Варақаи мазкурро пас аз пур намудан, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати ба мушкилӣ дучор гардидан метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия ва Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаҳои зерин дастрас намоянд:
- www.mehnat.tj – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- www.migration.tj – Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- www.tajmigration.ru – Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират