Телефони боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст.

Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.

Ба муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, шарҳи қонунгузории Федератсияи Россия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҳангоми пеш омадани мушкилот метавонанд ба рақами зерин муроҷиат намоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо