Аз рӯи моҳияти худ терроризм аз ҷиноятҳои хавфноктарини даврони муосир буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Мубориза зидди терроризм ва экстремизм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас мешуморад ва эҳтиром менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боби алоҳида бахшида, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои дар Эъломияи ҳуқуқи башар пешбинишударо таҳким додааст ва барои риояи онҳо кафолатҳо муайян кардааст. Ин меъёри конститутсионӣ амали бевосита дошта, иҷрои онҳоро давлат таъмин менамояд. Қонунгузории Ҷумҳурӣ муқаррароти Конститутсияро инкишоф дода, воситаҳои мушаххаси таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки нисбати мубориза бар зидди терроризм, воситаҳои инсонро ривоҷ дода, баҳри амали онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Мо бояд бар зидди ҳамаи он мамониятҳо, ки садди роҳи пешрафти ҷомеаи мо ҳастанд, мисли қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ нисбати шахс, хариду фурӯши одамон, терроризм муборизаи беамон барем.
Гаффорзода Исмоил, корманди Хадамоти муҳоҷират