Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ташкили корхонаву коргоҳҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, бакорандозии иқтидорҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ба касбу замономӯзӣ ва меҳнати фоиданок ҷалб намудани аҳолии бешуғл, ҳамзамон мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм эътибори махсус доданд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои мавҷуда МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд.
Чунончи, кормандони масъули «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ карданд. Он дар бинои фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ҳангоми бақайдгирии мусофирон ҷараён гирифт ва пурра ба мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, ворид гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО, инчунин таъмин намудан бо ҷойҳои кории холӣ дар НБО Роғун бахшида шуд.
Баъди сухани ифтитоҳии ташкилкунандагон кормандони масъули МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷиратро фаҳмониданд. Ҳамчунин мутахассисони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дассисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Дар рафти мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод ба ширкаткунандагон буклетҳои иттилоотӣ дастрас гардонида шуд.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳофирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе