22 июли соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Беҳтар намудани омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизмҳо, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дастгирии муҳоҷирон дар Федератсияи Россия» тренинг-омӯзиш баргузор гардид.
Дар кори тренинг кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Тибқи иттилои созмондиҳандагон, чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии кӯмак ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон дар Федератсияи Россия барои созмонҳои Иттиҳоди Иқтисодӣ АвруОсиё ва кишварҳои ИДМ, ки бо дастгирии Фонди грантҳои Президенти Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад.
Борис Панич, директори Фонди хайрия “ПСП-фонд” шаҳри Санкт-Петербург ва Андрей Якимов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳо дар назди иштирокчиёни тренинг баромад карданд.Дар кори тренинг-омӯзиш мавзӯъҳои зерин шунида шуданд: тамоюлҳои кунунии равандҳои муҳоҷират ва танзими онҳо, таҷриба ва иқтидори ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирон, механизмҳои иттилоотӣ ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо. Инчунин масъалаҳои амалии расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба муҳоҷирони аз Тоҷикистон, ки дар кишвари Россия қарор доранд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират