• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдати миллӣ – бақои давлат ва ҷомеа

admin by admin
29.06.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

26 июни соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 26 – умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт.

Чорабинии идонаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки бисту шаш сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин ҳама давлатсозии навини тоҷикон дар марҳалаи хеле ҳассос сурат мегирифт, зеро қувваҳои мухолифин дар ноором сохтани вазъи сиёсӣ бо амалҳои хоинонаи худ ба куштори мардуми бегуноҳ, шахсиятҳои барҷаста даст зада буданд.

Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Роҳбари давлат ҳаёти худро дар хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намудаанд.

Бо заҳмату ҷонбозии Сарвари давлат музокироти тоҷикон аз 5‐уми апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 зиёда аз 3 солу се моҳ дар 8 марҳала давом кард ва ниҳоят 27‐уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид ва ин сана ҳамчун ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ расмӣ гардид.

Таҳти роҳбарии Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид.

Тавассути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш ва тамоми гурезагон ба Ватан – ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонида шудаанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.

Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти мустақили се шохаи ҳокимияти давлатӣ: мақоми қонунбарор, иҷроия ва суд собит намуд, ки халқи Тоҷикистон роҳи дурусти давлатсозиро интихоб намуда, барои мустаҳкам шудани пояҳои он ва таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрванд пайваста талош меварзад.

Эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ ва мақоми забони тоҷикӣ низ аз ҷумлаи хидматҳои беназир ва таърихии Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

Дар ин давра, баробари баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, тавассути баргузор намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангиву таърихии сатҳи байналмилалӣ ва нашри садҳо номгӯй асарҳои илмиву оммавӣ миллати тоҷик мероси тамаддуни худро ҳифз намуд.

Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд. Китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат ‐ ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар партави фазои суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ оғоз аз соли 2000 – ум Паёми Пешвои миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади раҳнамунсоз ироа мегардад.

Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумлаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба кишвари воҳид табдил ёфтани Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисоди кишвар заминаи воқеӣ гузошт.

Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир қотеъона масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд, – афзуд Нодирзода И.

Сипас чанд нафар аз собиқадорони Хадамот  роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон  суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом Сардори Хадамоти муҳоҷират бори дигар аҳли нишастро ба ҷашни хуҷастаи 26-солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бо такя ба сиёсати созандаи Сарвари давлат аз ҳозирин даъват ба амал овард, тамоми донишу малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Нақши худшиносии миллӣ дар пешгирии ифротгароии ҷавонон

Next Post

Муҳоҷирати меҳнатӣ – яке аз самтҳои фаъолияти шаҳрвандон

Next Post

Муҳоҷирати меҳнатӣ - яке аз самтҳои фаъолияти шаҳрвандон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.