Варзиш – омили муҳими солимӣ ва машғул гардидан ба он ифодагари баҳамоӣ, сулҳу оромӣ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа мебошад. Барои мо – ҷавонон ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар партави сиёсати дурандешона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаву варзишгарони мо низ ба комёбиҳои баланд расида истодаанд.
Чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти Хадамаоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи варзишӣ футбол байни бахшу шуъба ва расёсатҳои Хадамот баргузор гардид.
Аслан ин мусобиқаи варзишӣ, барҳақ аз оммавӣ гардидани он дарак медиҳад кормандони дастгоҳи марказӣ ва дигар сохторҳои Хадамот барои обу тоб додани бадан фаъолона дар он иштирок мекунанд.
Даври ҷамъбастии ин мусобиқаи варзишӣ, ки дар варзишгоҳи Хадамот баргузор гардид, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо қадрдонӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар мунтазам баҳри оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи он саҳми назарраси худро мегузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират