Вохӯрӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии вазорат Асоева Бунафша, иқтисодчии ин созмон Овайс Паррай ва таҳлилгар оид ба масоили шарикӣ ва молияи рушди Дафтари ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон Манучеҳр Раҳмонов иштирок доштанд.

Мақсад аз вохўрӣ густариши ҳамкориҳо дар самти расидан ба ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, яъне шуғли пурмаҳсул буда, масоили марбут ба он мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд. Дар ҷараёни вохўрӣ ҷонибҳо оид ба рушди соҳа бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишвар, аз ҷумла гузаронидани тадқиқот оид ба қувваи корӣ, ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгуй ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷ, баланд бардоштани маълумотнокии касбӣ ва рушди малакаҳои нав, инчунин ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт мубодилаи афкор карданд.

Вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои қайдгардида иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо