Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндаи ШВКД дар ноҳияи Ашт, инчунин намояндаи Вакили Маҷлиси Вакилони вилояти Суғд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ҷамоати деҳоти Шодоба вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорони муассиса баргузор гардид.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо қишрҳои гуногуни ҷамоат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, қонунгузории Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, инчунин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон суҳбат баргузор намуда, ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ҳама шуъбаю бахшҳо бурдани корҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам гузаронида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт