11 майи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нодирзода Иматшо мушовири Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) Лара Мари Уайтро ба ҳузур пазируфт.
Тарафҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд. Зимни вохурӣ онҳо дар атрофи ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, рафти бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар аз ҷониби МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамот дар шаҳри Душанбе суҳбат намуданд.
Зимни мулоқот Нодирзода Иматшо оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, ичунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда андешаронӣ намуд.
Ӯ қайд намуд, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлӯҳои гуногун дошта, ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқоти бештар дорад.
Зимнан, аз ҷониби хонум Лара Мари Уайт роҷеъ ба фаъолияти пурсамари Созмон, ки дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳими кишвар, ҳануз аз соли 1993 то инҷониб амалӣ мегардад, маълумоти муфассал ироа гардид. Аз ҷумла қайд намуд, ки тули ин солҳо СБМ фаъолияти худро дар саросари ҷумҳурӣ вусъат бахшида ба ҳайси созмони пешсафи байналмилалӣ дар масоили муҳоҷират, ҷилавгирӣ аз истисмор ва поймол гардидани ҳуқуқи муҳоҷирон, дастгирии аъзои оилаи онҳо, савдои одамон ва мусоидат ба нерӯҳои марзбони кишвар корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Дар фарҷом хонум Лара Мари Уайт аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва тарзи фаъолияти кормандони Хадамот дар фурудгоҳи байналмилалӣ дидан намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират