Нимаи дуюми рӯзи 7-уми август мулоқоти гурӯҳи корӣ, иборат аз намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Сардори Маркази «Э» – и ВКД ФР полковник Колотушин Михаил Александрович баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ доир гардида, зимни он вазъият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилиҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми қарордошт дар Федератсияи Россия мувоҷеҳ мегарданд, инчунин роҳҳои беҳтар гардонидани шароити кор ва иқомати муҳоҷирон баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ тавофуқ дар хусуси амалигардонии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва корфармоёни онҳо аз мавқеи ВКД ФР ва Намояндани Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳосил гардид.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират