7-уми августи соли ҷорӣ сафари кории намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия оғоз гардид.
Давоми рӯз, вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарӣ Ҳ.Т. ва Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург Ҷонмаҳмадов Ф.Ф. бо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нодирзода Иматшо, инчунин намояндагони ҲХДТ дар ФР, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ сурат гирифт.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами марбут бо будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, мушкилоти шаҳрвандон ва роҳҳои бартарафсозии онҳо баррасӣ гардиданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират