Вохӯрӣ бо намояндагони бонки ҷаҳонӣ

7 октябри соли 2021, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, сармутахассиси рушди иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ, машваратчӣ, иқтисодчии калон, сармутахассиси амалиёт, роҳбари бахши рушди устувор, мунеҷери амалияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодчии калони тандурустӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ, вазъ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт, расонидани кумак инчунин, ташаббусҳои оянда ҷиҳати таъмини ноҳияҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инфрасохтори зарурӣ мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо