Дар нимаю дуюми рӯзи 17 майи соли равон намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии муовини сардори раёсати ҳамин Вазорат Мьюнг Сьёнгхо бо мақсади омӯзиши имконият ва инфрасохтори лозимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозӣ ва сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо Корея дар асоси системаи иҷозати кор (EPS) ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- и Хадамоти муҳоҷират ташриф оварданд.
Зимни мулоқот бо Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, ки дар синфхонаи Марказ баргузор гардид, тарафҳо оиди муташаккилона сафарбарнамудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ муваққатӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ҳамсуҳбат шуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират ба меҳмонони кореягӣ муфассал дар бораи фаъолияти Марказҳои машваратӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои кишвар маълумоти мухтассар дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, имзои лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои байни сохторҳои вазорат ва музофоти Ҷумҳурии Корея ба имзо расидаро ва ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Корея баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, оид ба воридшавӣ ба низоми EPS ва ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда, иброз доштанд, ки ин имконият медиҳад ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар рафти корашон ҳифз карда шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират