Вохӯрӣ бо сафири давлати Қатар

Бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии вазъи бозори меҳнат 9 декабри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ бо Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдуллоҳ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳи тарафайн, аз ҷумла марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба муҳимияти масъалаҳои бозори меҳнат, касбомўзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҳиҳати ҳусни тафоҳум дар густариши ҳамкориҳои тарафайн ва рушди муносибатҳо дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва бозомўзию рушди ҳунармандӣ ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравиро ба якдигар тақдим намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо