Чанде пеш бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии навбатӣ бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҷамоати деҳоти Зарбдор баргузор гардид. Дар вохӯрӣ 12 нафар раисони маҳаллаҳо ва 61 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат намуданд.
Зимни баромад намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои экстремистию-террористӣ, одамрабоӣ ва сафарбар намудани муҳоҷирони баргашта бо ҷойи кор дар ширкатҳои ватанӣ ва иншоотҳои сохтмонӣ НБО Роғун, мухтассар маълумот пешниҳод намуд.
Дар баромад ба ҳозирин иттилоъ дода шуд, ки тибқи қонунҳои нави Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бераводид ба кишвари Россия ворид мешаванд ва ба сини 18-солагӣ расидаанд метавонанд фаъолияти меҳнатии худро дар ҳудуди ин давлат дар назди шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ анҷом диҳанд. Ҳамзамон бояд ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди ин давлат шахсан ё тавассути субъектҳои ваколатдор ҳуҷҷатҳои худро ба мақомоти ҳудудии ВКД оид ба муҳоҷират пешниҳод намояд.
Барои гирифтани пантент муҳоҷирони меҳнатӣ аризаи худро бо нусхаи шиноснома ва корти муҳоҷиратӣ пешниҳод намуда, баъдан барои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (полиси тиббӣ), ки дар ҳудуди Федератсияи Россия эътибор дорад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи надоштани бемориҳои нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунанда, донистани забони русӣ барои бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд. Қайд карда шуд, ки муҳоҷири меҳнатиро дар давоми фаъолияти ду моҳ аз рӯзи додани патент зарур аст, ки нусхаи шартномаи меҳнати ё шартномаи шаҳрванди ҳуқуқиро барои иҷрои корҳо ба ВКД оид ба муҳоҷирати маҳалли зисти худ пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамаи он ҳуҷҷатҳое, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ тадбиқ мегардад ҳар шахс бояд бо худ ҳамеша нигоҳ дорад. Бинобар ин аз фаъолони ҷамоати деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат хоҳиш карда шуд, ки дар ин самт ба муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаи онҳо ва наздиконашон корбарӣ намуда, моҳияти суханҳои овардашударо ба онҳо расонанд.
Инчунин қайд гардид, ки ҳамарӯза дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйиротҳои нав ворид мегардад ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳамеша бо шуъбаи Хадамот дар шаҳри Кӯлоб дар иртибот бошанд, аз тағйиротҳои ба амал омада бохабар бошанд.
Дар сурати риоя накардани қоидаҳои будубош ҷаримаҳои маъмурӣ аз 2 то 7 ҳазор рубли русӣ бо хориҷкунии маъмурӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия муқаррар шудааст, ки ҳангоми дучор гардидан ба ин вазъият ба муҳоҷири меҳнатӣ зарари иқтисодӣ мерасад.
Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир бисъёр гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ фаъолият дошта ҳадафи онҳо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ ба шумор меравад.
Вобата ба ин таъкид гардид, ки дар хориҷи кишвар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масчидҳо аз шиносоӣ ва сӯҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок эҳтиёткор буда, кӯшиш намоед мушкилотҳои пешомадаи худро бо Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва диаспораю ташкилотҳои чамъиятии муқими он кишвар ҳаллу фасл намоед.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ ба сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва шахсони корҷӯй бо кор дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун”, оиди шароити кору маишии онҳо ба ҳозирин маълумотҳои муфид дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар дигар минтақаҳои шаҳри Кӯлоб дар назар аст.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб