Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Суҷина чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ бо муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба доир ба мавзуъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон ва пешгирии зуроварӣ дар оила суҳбат баргузор намуданд.
Дар охир иштирокчиён ба ҳамаи саволҳои худ посух гирифта ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо дар ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент мунтазам гузаронида мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент