Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар муассисаи миёнаи умумии №8-и деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ бо иштироки омӯзгорон ва падару модарони хонандагон вохӯрӣ барпо намуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Зиёзода Д., оиди масъалаи мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, савдои одамон, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич