24 майи соли равон Директори стратегии Раёсати мубориза бар зидди бандитизм ва сӯйистифодаи меҳнат дар назди Вазорати корҳои дохилаи Британияи Кабир Дарил Диксон ба Хадамоти муҳоҷират ташриф овард. Номбурдаро Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс ҳамроҳӣ намуд.
Тарафҳо оид ба риояи қоидаҳои будубош, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар суҳбат Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, қайд намуд, ки тибқи идомаи интихоб ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати “HOPS Labour Solutions Ltd” сафарбаркунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хостори фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир доранд, аз санҷиши намояндагони ширкати корфармо гузашта, рӯзҳои наздик сафарбаркунӣ ба ин кишвар марҳила ба марҳила оғоз мегардад.
Зимни суханронӣ Директори стратегии Раёсати мубориза бар зидди бандитизм ва сӯйистифодаи меҳнат дар назди Вазорати корҳои дохилаи Британияи Кабир Дарил Диксон муфассал аз фаъолияти Раёсат маълумот пешниҳод намуда, иброз дошт, шаҳрвандоне, ки барои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир сафарбар мешаванд бояд, ҳатман қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд. Инчунин, дар рафти мулоқот ҷаноби Дарил Диксон ба саволҳои Сардори Хадамот ҷавобҳои қонеъкунанда дод.
Ҳамзамон, ҷаноби Дарил Диксон изҳори миннатдорӣ намуда, арз намуд, ки омодааст барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ дар ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба кишвари Британияи Кабир, мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом, ҷаноби Дарил Диксон аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират дидан намуда, аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Ғайр аз ин, ӯ аз рафти мусоҳибаи шаҳрвандон, бо намояндагони ширкати “HOPS Labour Solutions Ltd” дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур баргузор шуда истодааст, дидан намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират