Тибқи Нақша чорабиниҳои муштарак санаи 20-уми октябри соли равон дар ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам, роҳбари Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии «Маркази сершуғли муҳоҷират»-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Абдусаттор, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир ва сокинону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбар ва кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал, фаъолони ҳизб, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахусус ҷавонони бекор ва волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон аъзоёни Раёсат Хоҷазода Фарзона Ҳамдам, Нозимов Абдусаттор, Қосимзода Маҳтоб Пир дар мавзуъҳои мақсад маром ва самтҳои фаъолияти Намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии «Маркази сершуғли муҳоҷират»-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шинос намудани корҷӯён бо шарту шароити пешниҳоднамудаи корфармоён, тартиби дуруст пур кардани анкетаҳо, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун», нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Бо ҳамин тартиб аъзоёни Раёсат оид ба самтҳои фаъолияти Намояндагии Муассисаи давлатии мазкур, шинос намудани корҷӯён бо шарту шароити пешниҳоднамудаи корфармоён ва тартиби дуруст пур кардани анкетаҳо баромад намуданд.
Дар баробари ин, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Аз он ҷумла қайд карданд, ки тавре иттилоъ доред, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.
Ҳамзамон ёдрас намуданд, ки тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намудаанд: «Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд».
Инчунин, қайд намуданд, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Ҳамчунин, қайд намуданд, ки бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷират, татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуданд, ки ҳадафи он ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои қабулкунанда, инчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии пеш аз сафари онҳо иртибот доранд.
Гуфтан бо маврид аст, ки читавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, ки аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Россия риоя намоянд.
Гузашта аз ин, қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Дар хотима аз ҷониби аъзоёни Раёсат ба иштирокчиён оид ба шарту шароити кор, ихтисосҳо ва музди меҳнат дар ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» фаҳмонида дода шуд.
Дар ин раванд, аз тарафи масъулин ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дар мавзуъҳои зикргардида дастрас гардонида шуд.
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб