• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии муштарак дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб

admin by admin
04.10.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
311
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар давоми моҳи сентябри соли равон дар деҳаҳои Варзоб ва Ҳушёрии ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа, деҳаҳои Даштимирон ва Наврӯзчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Панҷхоки ҷамоати деҳоти Зидеҳ ва ҷамоати шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд бо сокинон, фаъолони ҳизб, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.

Зимни мулоқот баромадкунандагон муовини раиси ноҳияи Варзоб Шерзода Бахтиёр Ҷалол, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шарипов Илҳом Мирзоевич, раиси ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа Самизода Самӣ Ғоиб, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фаррухи Абдуқодир, сардори бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Олимзода Орифҷон Олим ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар мавзӯъҳои муҳтавои доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масъунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ва беҳдошти рӯзгори сокинони мамлакат, дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози Ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.

Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кулли сокинони мамлакат равона намуда, бунёдкориву созандагиро дар ҳама сатҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, қадам ба қадам барои гулгулшукуфоии Ватани азиз-Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устуворонаю дурбинона мегузорад.

Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои (диаспораҳои) бурунмарзии кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз кору фаъолият ва шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ пуштибонӣ менамояд.

Дар ин раванд, аз тарафи масъулин ба сокинони деҳаҳои мазкур ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй» ба миқдори 680 нусха дастрас гардонида шуд.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.

Орифҷон Олимзода,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Мулоқоти судманд дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод

Next Post

Эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм

Next Post

Эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.