Тибқи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» санаи 7-уми феврали соли равон дар деҳаи Хоҷа Оби Гарми ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд бо кормандони ҶСК осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» баргузор гардид.
Зимни мулоқот баромадкунандагон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир, сардори бахши Хадамоти муҳоҷират, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Олимзода Орифҷон Олим, мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Ёдгорзода Шоҳин Ёдгор дар мавзуъҳои муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ва беҳдошти рӯзгори сокинони мамлакат, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҷудошавии оилаҳо, фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯйи эътибору иқтидор бонуфузтарин ҳизби сиёсии кишвар ба шумор рафта, бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст.
Зеро ин Ҳизби сулҳовари миллӣ садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии кулли сокинони мамлакат равона намуда, бунёдкориву созандагиро дар ҳама сатҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, қадам ба қадам барои гулгулшукуфоии Ватани азиз-Тоҷикистони биҳиштосо қадамҳои устуворонаю дурбинона мегузорад.
Баъдан таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро яке аз самтҳои афзалиятнок ва боэътимоди сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат ҳисобида, ба ҳалли мушкилоти он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Мусаллам аст, ки сокинони аксари кишварҳои Сайёра ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пеш аз ҳама ба кишвари макони зисти доимӣ ва ҳам ба аҳли оилаи худ манфиат меоранд.
Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои (диаспораҳои) бурунмарзии кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз кору фаъолият ва шароити зиндагии ҳамватанони бурунмарзӣ пуштибонӣ менамояд.
Дар баробари ин, ибрози андеша намуданд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзуъҳои матраҳшуда саволу ҷавоб доир гардид.
Дар ин раванд, масъулин баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои гуногун дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамоянд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бо аҳолӣ пайваста ба роҳ монда шуда, тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шаҳрвандон саҳеҳ ва муфассал расонида мешавад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб