Кормандони раёсати Хадамоти мухоҷират дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатиро бо муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратӣ Федератсияи Россия баргузор намуданд.
Вохӯрии навбатӣ, ки аслан дар маҳаллаҳои пойтахт ташкил карда шуд, кормандони масъули Раёсат ба сокинон доир ба қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, доштани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, тарзи гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, ҷойи кор ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда маълумот пешниҳод намуданд. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо, пеш аз ҳама савияи дониши шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатиро баланд хоҳад бардошт. Ҳамзамон ба сокинони пойтахт, буклетҳо доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилиҳо метавонанд ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе воқеъ дар хиёбони Борбад 71 муроҷиат намоянд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони пойтахт мунтазам гузуронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе