Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо вохурии навбатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайрирасмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила суҳбат баргузор намуда, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент мунтазам гузаронида мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент