Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич санаи 2-уми октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия бо иштироки омӯзгорону падару модарони хонандагон вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оиди ба масъалаи мубрами рӯз, ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, савдои одамон, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва муҳоҷирати бехатар суханронӣ намуданд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират минбаъд низ корбариро дар самти гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни сокинони ноҳия пурзур менамояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич