Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан вохӯрии судманд бо касбомузони филиали МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»-и шаҳр баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ сардори бахши Хадамоти муҳоҷират Ф. Ҳакимов доир ба мавзуъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, дучори савдои одамон, инчунин муҳоҷирати бехатар, аз ҷумла тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират суҳбат намуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 40 нафар сокинони шаҳри Истаравшан иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон маводҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ буклету китобчаҳо вобаста ба мавзӯъ тақсим карда шуд.
Чунин вохӯрию мулоқотҳо бо дигар сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Истаравшан идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан