24 август дар Хадамоти муҳоҷират вохӯрии судманд бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №11 Раҳимзода Олим Шарифӣ ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ҳавзаи интихоботии №20 Муқимов Салимҷон баргузор шуд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар ва намояндаи дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Сипас шарҳи ҳоли номзадҳои пешбаришаванда аз ҲХДТ Раҳимзода Олим Шарифӣ ва Муқимов Салимҷон ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Раҳимзода Олим Шарифӣ ва номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Муқимов Салимҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, дар бораи барномаи пешазтихоботии худ маълумоти мушаххас доданд.
Бояд гуфт, барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҳадафҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиорӣ “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо мақсадумароми асосии он тавассути иштироки бевосита, мусоидат намудан дар иҷрои барномаи мазкур, муваффақ гардидан ба рушди устувори иқтисодии кишвар, беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ, инчунин, муҳайё сохтани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баромад намуда, қайд карданд, имрӯз сокинони шаҳри Душанбе дар фазои суботи сартосарӣ, рӯҳияи созандагӣ, саҳмгузорӣ дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатиро бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ таҷлил намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Кумита ба номзадҳо муваффақияту пешравиҳо таманно намуда, ба интихобкунандагон саломатии бардавом орзӯ намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират