Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ҷамоати деҳоти Шодоба деҳаи Гулшан бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии чавонон – муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайри расмии динӣ, муқовимат бо савдои одамон суханронӣ намуданд.
Сипас ба омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки чунин корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ҳама шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мунтазам идома дода мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт