Кормандони масъули Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар як қатор маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур бо сокинон вохӯрии судманд барпо намуданд.
Зимни вохӯрӣ кормандони Марказ ба ҳозирин мухтасар дар бораи фаъолияти Марказ маълумот пешниҳод карда, иброз намуданд, ки Марказ муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷӣ кишвар мебошад.
Ҳамзамон, баромадкунандагон дар бораи қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва хатарҳои ҷаҳони муосир маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал овард, ки ҳаргиз фирефтаи иғвою дасисаҳои душманону бадхоҳони миллат нашаванд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Дар рафти мубоҳиса ва саволу ҷавоби озод ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардонида шуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони маҳаллаҳо дар дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ баргузор мегардад.
МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе