Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд дар самти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират”-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як вохӯрии судмандро бо сокинони ноҳия баргузор намуд.
Бояд қайд намуд, ки зимни вохӯрӣ намояндаи МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират”-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷойҳои холии корӣ дар шаҳри Москва ва вилояти Москва суханронӣ намуда, шаҳрвандонро барои фаъолияти меҳнатӣ даъват намуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ Идиев А. иброз намуд, ки айни замон дар 62 корхонаву ташкилотҳои Федератсияи Россия ҷойҳои холии корӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба коргарон муҳтоҷ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, барои муташаккилона сафарбар намудани сокинони ноҳия, бо раисони ҷамоату деҳот ва аҳли ҷамоатчигӣ, сокинони ноҳия, аз ҷумла ҷавонони бекор вохӯриҳо баргузор намуданд,
Чунин мулоқоту вохӯриҳо якҷоя бо МДБ “Маркази сершуғли муҳоҷират”-и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оммаи васеи аҳолии ноҳия мунтазам гузаронида мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ