Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Муминобод дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон мулоқот бо сокинони ҷамоат баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, қонунгузори нави кишвари ФР дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон, дар атрофи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, қонун ва қарорҳои будубош дар Федератсияи Россия, ҳолатҳои савдои одамон, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемороии ВНМО дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобат дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамаҷониба корбарӣ намуда оид ба тартиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатӣ маълумотҳо пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, дар бораи фирефта шудани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки оқибати хуб надорад, сухан намуда ба пайвандони ин ҷавонон таъкид намуданд, ки имрӯз ҷавонони мо дар хориҷи кишвар ба шабакаҳои интернетӣ дохил шуда, ба рафторҳои номатлуб даст мезананд. Ҷавонони гумроҳе, ки айни ҳол ба ин корҳо даст задаанд бениҳоят пушаймонанд.
Дар фарҷом ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо супорида шуд.
Дар вохӯрӣ зиёда аз 70 нафар сокинони ҷамоат, аз ҷумла бонувон, омӯзгорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ширкат намуданд.
Чунин вохӯриҳои судманд дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия низ ба назар гирифта шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Муминобод