3 августи соли ҷорӣ, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён вохӯрии навбатиро дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо иштироки раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон, директорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолони ҷамоат, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо баргузор намуданд.
Тавре за бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кубодиён хабар доданд, дар ҷамъомад ба ҳозирин маълумотҳо оиди муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин саҳмгузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Тибқи нақшаи корӣ бахши Хадамоти муҳоҷират чунин вохӯриву мулоқотҳои судмандро бо сокинони дигар ҷамоату деҳоти ноҳия бо маром идома хоҳанд дод.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират