Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо филиали Агентии бокортаъминкуни дар хориҷа, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии маҳаллаи “1- Май” вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни ин вохӯрӣ маъсулин оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва одамрабоӣ, муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ошно намудани онҳо ба қонунгузории нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони маҳаллаи “1-Май” муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ширкат доштанд. Баромадкунандагон оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама экстремизму терроризм, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳунарҳои миллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, ки масъалаи мубрами рӯз гардидааст, фаҳмонида доданд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо сӯҳбатҳои озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд.
Чунин чорабиниҳо дар ҳама шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, мунтазам идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд