Бо иштироки сардори шуъбаи Хадамоти мухочират дар ВМКБ Мулкамон Каниев дар маркази ноҳияи Мурғоб бо фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа вобаста ба масъалаҳои пешгирии воридшавии ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта ва ё шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сардори шуъбаи Хадамот дар ВМКБ қайд кард, ки мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хатари муосири терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ мебошад.
Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ин зуҳурот таҳдид ба амнияти ҷомеа аст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, мутаассифона, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст.
Дар ин замина, метавон омӯзиши таърихи солҳои сохибистиқлолиро ба роҳ монд, ки то ҷавонон аз ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои шадиди давлату Ҳукумат дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар Тоҷикистон сабақ гирифта, дар решакан намудани он тасмим хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон, ӯ дар бораи муҳоҷирати бехатар сухан гуфта, аз ҷумла, иброз намуд, ки шаҳрвадони ҷумҳурӣ пеш аз сафар бояд аз қонунгузори нави кишвари қабулкунанда, доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, Патент ва қайди муваққатӣ бархурдор бошанд.
Инчунин, ӯ дар бораи сафарбар намудани ҷавонони бекор ба сохтмонҳои муҳими ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас дод.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ