Хадамоти муҳоҷират бо мақсади вусъат додани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони баргашта, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар маҷмӯъ 1179 вохӯрӣ бо иштироки 78253 нафар шаҳрвандон гузаронида шуд. Ин фаъолият дар оянда низ тавассути сохтори Хадамоти муҳоҷират – МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар тақвият дода хоҳад шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади иттилоотонии шаҳрвандон дар мавзӯъҳои гуногуни рӯзмарра барои муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои телевизиону радио ва рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират, дар маҷмӯъ, дар давоми нимсолаи якуми соли 2023, 123 мақола, ва 7 адад баромадҳо тариқи васоити ахбори омма сабт намуда, пешкаши шаҳрвандон гардонида шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин самт сомонаи Хадамоти муҳоҷират (www.migration.tj) фаъол буда, ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ васеъ истифода карда мешавад. Дар назди Вазорат рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” фаъолият мекунад, ки Хадамот пайваста маводҳои иттилоотӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар он ба нашр мерасонад. Дар ин давра доир ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ дар сомонаи Хадамот ва рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» 36 то хабару мақолаҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ нашр карда шуданд.
Ҳамзамон, дар шабакаи интернетӣ замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ” infomuhojir.tj коркард шуда, айни ҳол мавриди баҳрабардории шаҳрвандон қарор дода шудааст. Қобили қайд аст, ки замимаи мобилӣ фарогири муҳимтарин маълумот ва ахбор барои муҳоҷирон буда, аз се қисми таркибӣ иборат аст: “Қабл аз муҳоҷират”, “Дар давраи муҳоҷират” ва “Баъд аз муҳоҷират”. Ҳамагӣ бо як бор ройгон боргирӣ намудани замимаи мобилӣ, муҳоҷир метавонад онро дар тамоми раванди муҳоҷират истифода барад, зеро ин ҷо буклету варақаҳои таблиғотӣ, китобчаҳову шарҳи қонунҳо ҷойгир карда мешаванд. Тамоми маълумоти муфид, аз ҷумла тартиби тариқи Интернет аз ҷониби худи муҳоҷирон санҷидани ҳолати манъи вуруд, суроға ва рақамҳо барои тамос бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия, диаспораҳои тоҷик ва сафорат ҳангоми ба вуҷуд омадани саволҳо ҷой дода шудаанд.
Бо истифодаи ин сомона муҳоҷирон метавонанд ҳама гуна маълумоти лозимиро дастрас намуда ва ҳатто ҳангоми наёфтани ҷавоб ба саволҳои худ мустақиман ба масъулони сомона муроҷиат кунанд. Барои ин функсияи “Доимо бархат” (“Горячая линия”) фаъол мешавад, ки тавассути он истифодабарандагон ҳам ба сомона ва ҳам ба замимаи мобилӣ метавонанд саволҳои худро пешниҳод намоянд.
Минбаъд, ҳангоми бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирон аз ҷониби сохторҳои Хадамоти муҳоҷират тарзи боргирӣ кардан ва истифода аз замимаи мобилӣ фаҳмонида мешавад. Нуқтаи назари муҳоҷирон – истифодабарандагонро омӯхта, дар лаҳзаҳои лозимӣ ба замима ва сомона тағйиротҳо ворид карда мешаванд.Ҷорӣ намудани сомонаи нави Хадамоти муҳоҷират ва замимаи мобилии “Роҳнамои муҳоҷир” барои дастрас намудани бештари маълумоти иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Нодиршоев Аслишо,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират