Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар ҷамоати шаҳраки Панҷ

13 марти соли ҷорӣ бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ ва дар якҷоя бо шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар ҷамоати шаҳраки Панҷ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 ҷойҳои холии корӣ ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ зиёда аз 400 нафар сокинони ноҳия ширкат намуданд.Чорабинии мазкур бо иштироки раиси ноҳияи Панҷ З. Шоҳиён ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия гузаронида шуд.

С. Саидов,мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо